Қурби асъор БМТ 

2024-04-25



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

Қарздиҳии гурӯҳӣ


Қарздиҳии гурӯҳӣ – ин шакли қарздиҳии бегарави кӯтоҳмуддат (аз 3 то 12 моҳ) мебошад, ки барои содда кардани тартиботи қарздиҳӣ равона шудааст. Ҳамзамон метавонад арзиши аслии кредитро барои мизоҷи потенсиалӣ паст намуда пешниҳоди дастрасиро ба сарчашмаи сармоягузорӣ барои он сатҳи аҳолӣ, ки имконияти пешниҳоди гарави пардохтпазириро надоранд, фароҳам орад. Моҳияти асосии он кафолати гурӯҳӣ ба шумор меравад. Кредит ба гурӯҳи шахсоне, ки ба ҳамдигар кафил мешаванд пешниҳод мешавад. Гурӯҳҳо худашон аъзоёнро интихоб мекунанд ва ингуна муносибати байниҳамдигарӣ барои таъминнокии саривақтии пардохтҳои вобаста ба кредит тавассути ҷавобгарии ҳамрайъона таъсир расонида, хароҷотхои бонк вобаста ба таҳлил ва омӯзиши Мизоҷон ихтисор мешаванд.


Хавфҳои қарзии ҶСК «Агроинвестбонк», ки ҳангоми қарздиҳии гурӯҳӣ ба миён меояд, аз ҳисоби ҷавобгарии ҳамрайъонаи аъзоёни гурӯҳҳо ҳадди ақал кам мешаванд (моддаи 345-348 Кодекси Граждании ҶТ).


Ҳангоми қарздиҳии гурӯҳӣ риояи принсипҳои мазкур зарур мебошанд:

Талабот бааъзоёни гурӯҳ

1. Синну соли Мизоҷ: - аз 18 то 62 сол; 
2. Тиҷорат:

Дар миқёси деҳот бартарият дорад;

Вобаста бо хоҷагии қишлоқ ё тиҷорати хусусӣ;

Дар миқёси фаъолияти ҶСК «Агроинвестбонк»;

Ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат кунад;

3. Шаҳрвандӣ ва ҷои зисти аниқ (қайди ҷои зист, шиносномаи ҶТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
4. Бо дигар аъзоёни гурӯҳ муносибати хешу таборӣ надошта бошад (сарфи назар аз ҳолатҳое, ки хешовандони наздик ҷудогона зиндагӣ мекунанд ва фаъолияти худро алоҳида пеш мебаранд, новобаста аз ҳамдигар); 
5. Иштирокчии дигар ташкилотҳои молиявӣ набудан;

Талабот ба гуруҳи қарзӣ

1. Ҳама аъзоёни як гурӯҳи қарзӣ бояд фаъолияти якхела дошта бошанд ва ҷои зисти ба ҳамдигар наздик дошта бошанд –дар атрофии як қишлоқ, деҳа, шаҳрча. 
2. Дар гурӯҳ аъзоёне, ки нав ба тиҷорат машғул мешаванд, набояд аз 30 % шумораи умумии аъзоёни гурӯҳ зиёд бошанд. 
3. Мувофиқи далел ташкилот, гурӯҳҳо ва сохтори он бояд Шартномаи дастаҷамъонаро миёни ҳама аъзоёни гурӯҳ тартиб диҳанд (нусхаи Шартномаи Гурӯҳиро аз шӯъбаҳои Бонк дастрас намудан имконпазир аст) 
4. Миқдори аъзоён дар гурӯҳ бояд чунин бошад: ҳадди ақал 4 (чор) аъзо - ҳадди аксар 10 (даҳ) аъзо

Асъор

Сомонӣ, доллари ИМА, рубли русӣ, евро

Ҳаҷми ҳадди ақали малағ барои як қарзгиранда

300 сомонӣ ё муодили он бо дигар асъор

Ҳаҷми ниҳоии малағ барои як қарзгиранда

Давраи якум – то 2 000 сомонӣ ё муодили он бо дигар асъор. Давраи дуюм – то 3 000 сомонӣ ё муодили он бо дигар асъор. Давраи сеюм – то 4 000 сомонӣ ё муодили он бо дигар асъор.

Мӯҳлати кредит

Давраи якум – аз 3 то 10 моҳ, Давраи дуюм ва давраҳои дигар – то 12 моҳ

Меъёри фоиз

Мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи Раёсати Бонк инчунин бо назардошти таъиноти маќсадноки захирањо. 

Тартиби ҳисоби фоизҳо

Ҳисоби фоизҳо ба бақияи ҳаҷми кредит

Комиссия барои пешниҳоди кредит

Мувофиқи тарофҳои амалкунандаи ҶСК «Агроинвестбонк»

Тартиби пардохти кредит

- пардохти ҳармоҳаи кредит бо усули аннуитет; - пардохти ҳармоҳаи кредит бо ҳиссаҳои баробар ; - пардохти кварталии кредит(фоизҳо ҳармоҳа пардохт карда мешаванд)

Давраи имтиёзнок

Танхо барои кредитҳои гурӯҳии агробизнес; Максимум 50% аз мӯҳлати умумии қарз, на зиёда аз 6 моҳ; Фақат барои кредити асосӣ

Таъминнокии кредит

Ҷавобгарии ҳамрайъонаи аъзоёни гурӯҳ

Ҳуҷҷатҳои асосӣ барои пешниҳоди аризаи қарзӣ

1. Шартномаи дастаҷамъонаро миёни ҳама аъзоёни гурӯҳ (нусхаи Шартномаи Гурӯҳиро аз шӯъбаҳои Бонк дастрас намудан имконпазир аст) 
2. Шиноснома (ҳамаи аъзоёни гурӯҳ) 
3. РМА (фақат барои роҳбар) 
4. Маълумотнома аз ҷамоат (барои ҳар як аъзои гурӯҳ)

Қарздиҳии мутавасити гурӯҳӣ

Пешбинӣ нашудааст

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал