Аввал Харитаи сомона Навиштани мактуб Забонҳо:ТочРус  Eng

Ҳисобкунак
Савол додан
Қурби асъор
дар
харидфурушБМТ
4,88004,90004.7622
6,20006,25006.0547

0,1560

0,1580

0.1532
Барои кортҳои пардохтӣ
4,8800
Тамос
Саридора:
Ҷумҳурии Тоҷикистон
734018, ш.Душанбе,
хиёбони Саъдии Шерози, 21
Телефонҳо: (+992 44) 6006868,
6005306, 6005307
факс: (+992 37) 236-51-66
E-mail: info@agroinvestbank.tj
bizcounter.ru

давомат

Депозитҳо

Татбиқи саривақтии таҳияи маҳсулотҳои нав ва мувофиқати онҳо ба талаботҳои афзунгардидаи Мизоҷони бонк - далели асосии рақобат байни сохторҳои бонкӣ, ки хизматрасонии депозитиро ба аҳолӣ пешниход менамоянд, мебошад.

ҶCК «Агроинвестбонк» ба Шумо якчанд намудҳои депозитҳои мӯҳлатнок ва пасандозиро пешниҳод мекунад, ки ҳар кадоми он бо шартҳои ба Шумо фоидаовар таҳия шудаанд.

Новобаста аз гуногунии шартҳои депозити мӯҳлатнок ва пасандозӣ ягона он мебошад, ки:

  • Барасмиятдарории депозит мувофиқи ариза ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият амалӣ карда мешавад;
  • Барасмиятдарорӣ бо бастани шартномаи депозити бонкӣ, пешниҳоди китобчаи амонатӣ ва ё корти пластикӣ тасдиқ карда мешавад;
  • Ҳисобӣ намудани фоиз ҳангоми мавҷуд будани бақияи амонат на камтар аз 100 воҳиди асъор ҳисоб карда мешавад.

Бо мақсади дастгирии иҷтимоии Амонатгузорон аз қабили маъюбон, иштирокчиёни ҶБВ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, Бонк фоизҳои ҳисобкардашудаи депозити чунин Амонатгузоронро бо хоҳиши худи онҳо тариқи ройгон ба манзилашон мерасонад.

Мӯҳлати баргардонии ҳамаи депозитхои пасандозӣ –дархостӣ муқаррар карда шудааст. Амонатгузор метавонад дар асоси шартҳои муқаррарнамудаи шартномаи депозити бонкӣ дар дилхоҳ вақт ба депозити худ маблағ ворид намояд ва ё онро гирад.

Андозаи фоизҳо аз рӯи ҳар як намуди депозит мувофиқи Сиёсати фоизии бонк муайян карда мешавад.

Ҳамаи талаботҳо оиди қабули депозит, хизматрасонӣ, ҳисобӣ намудан ва пардохти фоиз, тартиботи мутақобила бо Амонатгузор дар шартномаи депозити бонкӣ дарҷ мегардад.

Пурсиш
  1. Ба воситаи кадоме аз шабакаҳои иттилоотӣ гирифтани маълумот оиди хизматрасониҳои бонк қуллай аст?



Remember me
КредитҳоДепозитҳоКортҳои пардохтӣ
 © 2011. ОАО "Агроинвестбанк". Все права защищены.