Қурби асъор БМТ 

2024-12-05



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

Шаҳодатнома ва иҷозатномаҳо


ҶСК «Агроинвестбонк» дар асоси иҷозатномаҳои зерин хизматрасонихои бонкиро пешниход менамояд:

  • БМТ №3 аз 27.03.1992 с.
  • БМТ №3/1 аз 30.08.2002 с.
  • БМТ №3/2 аз 30.08.2002 с.
  • БМТ №3/3 аз 30.08.2002 с.
  • БМТ №3/4 аз 18.11.2004 с.

ҶСК «Агроинвестбонк дар асоси иҷозатномаҳои гирифташуда хизматрасонихои зерини бонкиро пешниход менамояд:

  • Қабули депозитҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
  • Кушодан ва пешбурди ҳисобҳои мизоҷон, ҳисобҳои муросилотии бонкҳо ва муассисаҳои молиявии ғайрибонкӣ;
  • Амалиётҳои интиқолӣ: иҷроиши дархостҳои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеи оид ба интиқоли воситаҳои пулӣ;
  • Амалиётҳои баҳисобгирӣ: ҳисоби (дисконт) вексел ва дигар вазифаҳои кредитии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;
  • Амалиётҳои қарзӣ: пешниҳодсозии қарзҳо дар шакли пулӣ;
  • Маблағгузории капиталӣ оид ба дархости соҳибон ё ки истифодабарандагони воситаҳои маблағгузоришаванда;
  • Амалиёти ба боварӣ асосёфта (идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ва ғайра ба манфиати боварикунанда ва дар асоси супориши он);
  • Амалиётҳои клирингӣ: ҷамъоварӣ, санҷиш, ҷобаҷогузорӣ ва тасдиқи пардохт, инчунин гузаронидани миёни худ ҳисобкунӣ ва муайянкунии ҳолатҳои тозаи иштирокчиёнаи амалиёти - клирингӣ.
  • Амалиётҳои ломбардӣ: пешниҳодоти қарзҳои кӯтоҳмуддат гарави амонатгузошташуда, коғазҳои қимматноки осонамалишаванда ва амволи манқул;
  • Қабули пардохтҳо, аксепт, пардохт ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои пардохтӣ, кушодан ва тасдиқи эътиборномаҳои тиҷоратӣ;
  • Таҳвил ва равона сохтани коғазҳои бонкӣ, тангаҳо ва арзишҳо;
  • Амалиётҳои кафолатӣ: додани кафилӣ ва дигар вазифаҳо барои шахсони сеюми пешниҳодгашта ба иҷроиши шаклҳои пӯлӣ, шакли кафолатии эътиборнома (эътиборномаи стендбай);
  • Ба иҷора додани амвол бо нигоҳдории ҳуқуқи соҳибият ба амволи иҷорадиҳанда дар муддати пурраи шартнома (лизинг);
  • Амалиётҳои факторингӣ: бадастоварии ҳуқуқи талаб кардани пардохт аз харидорони мол (кор, хизматрасонӣ) бо қабули хавфи пардохт нашудан;
  • Амалиётҳои форфейтингӣ: пардохти вазифаҳои қарзии харидори молҳо (хизматрасонӣ,корҳо) бо роҳи хариди вексел бе мавҷудияти фурӯшанда;
  • Интишори коғазҳои хусусии қимматнок (саҳмия, облигатсия, вексел ва сертификати депозитӣ);
  • Ташкили амалиётҳои табдилотӣ бо асъори хориҷӣ;
  • Барориши кортҳои пардохтӣ;
  • Амалиётҳои сармоягузорӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Амалиётҳои хазинавӣ: қабул, азнавҳисобкунӣ, иваз, табдил, ҷобаҷокунӣ ва нигоҳдории коғазҳои қимматноки бонкӣ ва тангаҳо;
  • Амалиётҳои миёнаравӣ дар бозори коғазҳои қимматнок.

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал