Қурби асъор БМТ 

2024-12-05



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

ҚАРЗГУЗОРӢ  БО НАҚШАИ  «МОЛҲО БА ВОСИТАИ КРЕДИТ»


«Молҳо ба воситаи кредит» - намуди  қарзгузории миёнамуддат (то 36 моҳ) барои рушди шакли ҳисоббаробаркунии ғайринақдии аҳолӣ бо корхонаҳои савдои чакана, ки ба қарзгиранда барои дастрас намудани моли зарурӣ  баҳри  зарурияти истеъмолии хеш имконият медиҳад, сипас мувофиқи шартномаи кредитӣ, кредит ва фоизҳои ҳисобшудаи онро пардохт менамояд.

Қарзгузорӣ бо нақшаи «Молҳо ба воситаи кредит» бо шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:

Талабот   нисбати қарзгиранда

1.      Сину сол – аз 18 то 63 сола дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои мард;

2.      Сину сол – аз 18 то 58 сола дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои зан;

3.      На камтар аз 6 моҳ собиқаи кории бетанаффус дар ташкилоти дар минтақаи бонки хизматрасон ҷойгир буда бо назардошти муҳлати амали қарордод ё ин ки шартномаи меҳнатӣ;

4.      Барои соҳибкори инфиродӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ;

5.       Маҳали зисти воқеӣ (қайд) дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

Асъори  кредит

Сомонӣ

Ҳаҷми кредит

Аз 100 то 10 000 доллари  ИМА  бо муодили асъори миллӣ

Муҳлати кредит

Аз 3 то 36 моҳ

Андозаи фоизи кредит

Бо асъори миллӣ 28%-и солона

Шакли кредит

Ғайринақдӣ (тибқи шартномаи имзошуда бо ҶСК «Агроинвестбонк» маблағ ба ҳисоби Нуқтаи савдо гузаронида мешавад)

Имконияти пардохти пеш  аз муҳлати кредит

Иҷозат дода мешавад.

Комиссия барои пешниҳод  намудани  кредит

Мувофиқи «Тарофаҳои ҶСК «Агроинвестбонк» барои хизматрасониҳои бонкӣ»

Манбаи пардохти кредит

Манбаи даромади доимии қарзгиранда ва зомини он, ҳаҷми маблағе, ки барои пардохт намудани кредит ва фоизҳои он кифоя аст, аз он ҷумла даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ.

Таъминоти кредит

Замонати на камтар аз 1 шахси воқеӣ, ки манбаи даромади онҳо дар мавриди зарурӣ барои иҷрои уҳдадориҳояшон кифоя мебошад.

Тартиби пардохти  кредит

Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз)

Пардохти  аввал

На камтар аз  10% аз арзиши моли харидоришаванда

Шартҳои махсус

1.      Кредит аз тарафи бонки хизматрасон, ки дар маҳали зисти қарзгиранда воқеъ аст барасмият дароварда мешавад;

2.      Ҳангоми баррасии ариза оиди муайян намудани маблағи кредити ҷудошаванда, на зиёда аз 50%-и маблағи умумии даромадҳои расмииқарзгиранда (музди меҳнат ва дигар даромадҳои иловагӣ) ба инобат гирифта мешавад.

Барои дастрас намудани кредит бо нақшаи «Молҳо бо воситаи кредит» қарзгиранда бояд ҳатман ба корманди кредитии бонк  ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

q  Нусхаи шиносномаи қарзгиранда ва зомини вай бо нишондоди қайди ҷои зист;

q  Маълумотнома аз ҷои кори қарзгиранда ва зомини вай дар бораи даромад ва ё ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории онҳо  (шаҳодатнома, иҷозатнома, патент, пардохтҳои андоз ва ғ.);

q   Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷои кори ғарзгиранда ва зомини вай (шартномаи меҳнатӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома аз шўъбаи кормандон);

q  Гувоҳнома дар бораи РМА-и қарзгиранда;

q  Расми қарзгиранда 3 х 4 (1 адад);  

q  Ҳисобнома – (счет-фактура) аз нуқтаи савдо.

 Эзоҳ:  Ҳангоми маротибаи якум гирифтани кредит муҳлати он аз 3 то 12 моҳро ташкил медиҳад. Дар ҳолати таърихи хуби кредитӣ доштан  бо кредити аввала имконият дода мешавад, ки муҳлати кредит дар маротибаи дуюм то 18 моҳ, маротибаи сеюм то 24 моҳ,  маротибаи чаҳорум то 30 моҳ ва маротибаи панҷум то 36 моҳ муайян карда шавад.

 

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал