Қурби асъор БМТ 

2024-12-22



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

ДЕПОЗИТИ «ҲАМВАТАН»


Хусусиятҳо: Бо доллари ИМА ва рубли ФР аз ҳисоби воситаҳои аз хориҷи кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда танҳо тавассути низоми интиқолии «CONTACT» барасмият дароварда мешавад.   

Тавсия мешавад: Ба шахсони воқеӣ, аз зумраи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди он кор ва зиндагӣ мекунанд ва хоҳиши тавассути ба ҳисоби депозитии худ гузаронидан, нигоҳ доштан ва зиёд намудани пасандозҳои худро доранд.

Тартиби барасмиятдарории депозити «ҲАМВАТАН» чунин сурат мегирад, ки Амонатгузори потенсиалӣ бояд воситаҳои худро ба номи худ бо низоми интиқолии «CONTACT» равона кунад.

Дар айни ҳол ҳамаи сохторҳои амалиётии ҶСК «Агроинвестбонк»  имконияти хизматрасонии интиқоли маблағҳоро бо низоми «CONTACT» доранд. Ҳангоми мавҷудияти калимаи рамзии «ҲАМВАТАН» дар б. 8 «ҷузъҳои пардохт» рӯйхати воридшудаи пардохтҳо, воситаҳо бояд ба ҳисоби умумии дар ҳисоби тавозунии №20218 «Депозитҳои пасандозӣ – асъори хориҷӣ» гузаронида шаванд. Баъд аз гузаронидани воситаҳои пулӣ, ба ҳисоби умумӣ тақсимкунии маблағҳо ба ҳисоби кушодашуда дар модули «Депозитҳо» «СФТ», мувофиқи тартиби ҷории рақамгузории ҳисобҳои депозитӣ, ки дар Низомномаи №109 АИБ «Дар бораи депозитҳои ҶCК «Агроинвестбонк»» оварда шудааст, гузаронида мешавад. Мавҷудияти калимаи рамзии «ҲАМВАТАН» дар реквизитҳои пардохт ҳамчун асос барои кушодани ҳисоби депозитӣ ва мутобиқан барои дастрасии маълумот оиди Амонатгузор дар низом хизмат мекунад.   

Мутобиқи мувофиқаи ба имзо расида бо ҶСП БСТ «РУССЛАВБОНК», ҳангоми амалисозии интиқол тавассути рамзи «ҲАМВАТАН» дар нуқтаҳои қабули интиқолҳо барои Мизоҷ шакли автоматикии шартномаи (оферта) ҶСК «Агроинвестбонк» нашр ва дода мешавад, ки дар он ҳама ҳуқуқҳо ва вазифаҳои Амонатгузор ва ҶСК «Агроинвестбонк»» дарҷ гаштааст. 

Дар ҳолати аз ҷониби Амонатгузор пур намудани ҳисоб бо асъори дигар, ба ин Амонатгузор ҳисоби депозитии бо асъори минбаъд воридшаванда кушода мешавад ва воридоти минбаъдаи аз ҷониби ӯ омада, ба ҳисоби депозитии ба асъори мувофиқаткунанда гузаронида мешавад.

Аз ҷониби Амонатгузор истифодабарии воситаҳои пулии ҳисоби депозитӣ, бояд ҳангоми муроҷиати бевоситаи ӯ ба бонк бо пешниҳоди шиноснома, мушаххасоте, ки интиқоли маблағҳо гузаронида шуда буд, инчунин расид дар бораи интиқол амалӣ шавад. Дар ин ҳолат корманди ба Амонатгузор хизмат расонанда бояд тафтиш кунад:

· айнияти мушаххасот ва шиносномаи Амонатгузор, ки тавассути он интиқол гузаронида шуда буд;

· маблағи бақияи ҳисоб ва маблағи расид дар бораи интиқол, дар он шакле, ки ҳисоби депозитӣ метавонад як маротиба пурра шавад.  

Ҳангоми тасдиқи Амонатгузор ва маблағи бақияи ҳисоби депозитии ӯ, корманди бонк вазифадор аст, ҳамаи фармоишҳои Амонатгузорро вобаста ба гирифтан, интиқол ё ин ки аз нав барасмиятдарории ҳисоби депозитӣ иҷро кунад.  

Ҳамаи дигар амалиётҳои депозити «Ҳамватан» бо тартиби умуми амалӣ карда мешаванд.


Шартҳои асосии депозити «Ҳамватан»

Маблағи аввалия

Бе маҳдуд

Асъори депозит

Доллари ИМА, рубли ФР

Муҳлати депозит

Дархостӣ

Воридоти иловагӣ

Бе маҳдуд

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал