Қурби асъор БМТ 

2024-12-22



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

МАҲСУЛОТИ КОМПЛЕКСИИ «ХОНА»

Хусусиятҳо: Ба Амонатгузор барои ҷамъ намудани маблағҳои худ ва баъдан аз ҶCК «Агроинвестбонк» дастрас намудани кредити ипотекӣ бо шартҳои имтиёзнок барои харидан ва ё сохтмони хонаи истиқоматӣ имконият медиҳад.

Тавсия мешавад: Ба шахсони воқеӣ бо мақсади ҷамъ намудани маблағҳои пулӣ, муҳайё кардани шароити зисти манзилӣ тариқи харидан ва ё сохтмони манзил.   

Андозаи фоизи депозит тағйирёбанда буда, аз иваз шудани меъёрӣ бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон вобастагӣ дорад.

Дар ҳолатҳои риоя нашудани давраи воридоти иловагӣ ба ҳисоб фоиз дар ин давра ҳисоб карда намешавад.

Дар ҳолати пеш аз муҳлат талаб намудани маблағи депозити муҳлатнок аз ҷониби Амонатгузор, Бонк фоизҳои депозитро аз нав бо андозаи 2 фоизи пешбинишуда ҳисоб намуда, маблағи пасандозро баъд аз тарҳи он маблағе, ки Амонатгузор истифода бурдааст, бармегардонад.

Ҳангоми риояи шартҳои дар боло зикршуда бо хоҳиши Амонатгузор, ҶСК «Агроинвестбонк» ба ӯ кредит барои харидан ва ё сохтмони хонаи истиқоматӣ пешниҳод менамояд. Ҳаҷми маблағи кредит ба бақияи депозите, ки дар интиҳои мӯҳлати амали шартномаи депозитӣ ҷой дорад, баробар мебошад. Андозаи фоизи кредит аз меъёрӣ бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон дар санаи ҷорӣ вобастагӣ дошта + 10 % муқаррар карда мешавад. Муҳлати кредит то 3-сол.

   

Шартҳои асосии маҳсулоти комплексии «Хона»

Маблағи аввалия

На камтар аз 300 воҳиди асъори ҳисоб (бо рубли ФР 3 000).

Асъори депозит

Сомонӣ, доллари ИМА, рубли ФР, евро

Муҳлати депозит

2 сол

Андозаи фоиз

Меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон тарҳи 3%

Воридоти иловагӣ

  • Ҳармоҳа ба маблағи на зиёда аз 1 000 воҳиди ҳисоб ва на камтар аз 50 воҳиди асъори ҳисоб (бо рубли ФР мутаносибан 10 000 ва 500);
  • Дар як моҳ на зиёда аз 2 маротиба воридоти иловагӣ пешбинӣ мешавад;
  • Воридоти иловагӣ то 2 моҳи ба охир расидани мӯҳлати амали шартнома пешбинӣ мешавад;

Давраи ҳисоби фоизҳо

Ҳармоҳа

Давра ва тартиби пардохти фоизҳо

Капитализатсияи фоизҳо дар як моҳ як маротиба


Филиалҳои бонк

карта

33 филиал