Қурби асъор БМТ 

2024-12-22



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

ҚАРЗГУЗОРӢ БО НАҚШАИ «ДОНИШҶӮ»


Кредит бо нақшаи «Донишҷӯ» - намуди қарзгузории кутоҳмуддат (то 12 моҳ) ба волидайни донишҷӯёни шакли омӯзиши рӯзона ва ё донишҷӯёни шакли омӯзиши ғоибонае, ки дар асоси шартнома таҳсил мекунанд, имконияти аз бонк дастрас намудани маблағро барои пушонидани ҳароҷотҳои омӯзиш дар муассисаи олии таълимӣ медиҳад ва сипас мувофиқи шартномаи кредитӣ, кредит ва фоизҳои ҳисобшудаи онро пардохт менамоянд.


Қарзгузорӣ бо нақшаи «Донишҷӯ» бо  шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:

Талабот   нисбати қарзгиранда

1.      Барои волидайни донишҷӯ:

         Сину сол – то 63 солагӣ дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои мард;

         Сину сол– то 58 солагӣ дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои зан;

         На камтар аз 6 моҳ собиқаи корӣ дар ташкилоти дар минтақаи бонки хизматрасон ҷойгир буда бо назардошти муҳлати амали қарордод ё ин ки шартномаи меҳнатӣ.

2.      Барои донишҷӯёне, ки дар шакли омӯзиши ғоибона таҳсил намуда ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мебошанд, на камтар аз 6 моҳ собиқаи кории дар ташкилоти дар минтақаи бонки хизматрасон ҷойгир буда ва сину сол то 40 солагӣ дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит;

3.      Барои соҳибкори инфиродӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ;

4.    Маҳали зисти воқеӣ (қайд) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асъори  кредит

Сомонӣ

Ҳаҷми кредит

Аз 100 то 1 500 доллари  ИМА  бо муодили асъори миллӣ

Муҳлати кредит

Аз 1 то 12 моҳ

Андозаи фоизи кредит

Бо асъори миллӣ 28%-и солона

Шакли кредит

Ғайринақдӣ (маблағ ба ҳисоби муассисаи олии таълимӣ гузаронида мешавад).

Имконияти пардохти пеш  аз муҳлати кредит

Иҷозат дода мешавад.

Комиссия барои пешниҳод намудани  кредит

Мувофиқи «Тарофаҳои ҶСК «Агроинвестбонк» барои хизматрасониҳои бонкӣ»

Манбаи пардохти кредит

*  Манбаи даромади доимии қарзгиранда ва зомини он,  ҳаҷми маблағе, ки барои пардохт намудани кредит ва фоизҳои он кифоя аст;

**  Даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ;

***Маблағҳое, ки аз ҳисоби фаъолияти меҳнатии берун аз ҷумҳурӣ ба даст дароварда шуда тавассути низомҳои интиқоли маблағ ба номи қарзгиранда ва ё аъзоёни  оилаи ӯ ворид мешаванд.

Таъминоти кредит

Замонати на камтар аз 1 шахси воқеӣ, ки манбаи даромади онҳо дар мавриди зарурӣ барои иҷрои уҳдадориҳояшон кифоя мебошад.

Тартиби пардохти  кредит

Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз).

Пардохти  аввал

На кам аз  20% аз маблағи таҳсили солона.

Шартҳои махсус

1.      Кредит аз тарафи бонки хизматрасон, ки дар маҳали зисти қарзгиранда воқеъ аст барасмият дароварда мешавад;

2.     Ҳангоми баррасии ариза оиди муайян намудани маблағи кредити ҷудошаванда на зиёда аз 50%-и маблағи умумии даромадҳои расмии қарзгиранда (музди меҳнат ва дигар даромадҳои иловагӣ) ба инобат гирифта мешавад;

3.      Тавсия дода мешавад, ки донишҷӯ ҳамчун зомини иловагӣ баромад кунад;

4.      Дар ҳолате, ки барои  пардохтпазирии мизоҷро дар асоси маблағҳои интиқоли муайян намудан таърихи на камтар аз 4 моҳаи воридшавии маблағҳо ба инобат гирифта мешавад.


* Барои дастрас намудани кредит бо нақшаи «Донишҷӯ» қарзгиранда бояд ҳатман ба корманди кредитии бонк ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

 Нусхаи шиносномаи қарзгиранда ва зомини вай бо нишондоди қайди ҷои зист;

 Маълумотнома аз ҷои кори қарзгиранда ва зомини вай дар бораи даромад ва ё ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории онҳо  (шаҳодатнома, иҷозатнома, патент, пардохтҳои андоз ва ғ.);

 Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷои кори қарзгиранда ва зомини вай (шартномаи меҳнатӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома аз шӯъбаи кормандон);

 Гувоҳнома дар бораи РМА-и қарзгиранда;

 Расми қарзгиранда 3х4 (1 адад);

 Шартнома оиди таҳсили шартномавии донишҷӯ.

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал