Қурби асъор БМТ 

2024-12-26



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

ҚАРЗГУЗОРӢ  БО НАҚШАИ  «КРЕДИТ БАРОИ САЙЁҲАТ»


«Кредит барои сайёҳат» - намуди қарзгузории кутоҳмуддат (то 12 моҳ) ба қарзгиранда имконияти аз бонк дастрас намудани маблағи пулиро барои харидани роҳхати сайёҳӣ медиҳад ва сипас мувофиқи шартномаи кредитӣ, кредит ва фоизҳои ҳисобшудаи онро пардохт менамояд.


Қарзгузорӣ бо нақшаи «Кредит барои сайёҳат» бо шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:

Талабот   нисбати қарзгиранда

1.      Сину сол – аз 18 то 63 сола дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои мард;

2.      Сину сол – аз 18 то 58 сола дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои зан;

3.      На камтар аз 6 моҳ собиқаи корӣ дар ташкилоти дар минтақаи бонки хизматрасон ҷойгир буда бо назардошти муҳлати амали қарордод ё ин ки шартномаи меҳнатӣ;

4.      Барои соҳибкори инфиродӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ;

Маҳали зисти воқеӣ (қайд) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Асъори  кредит

Сомонӣ

Ҳаҷми кредит

Аз 100 то 2 000 доллари ИМА бо муодили асъори миллӣ

Муҳлати кредит

Аз 1 то 12 моҳ

Андозаи фоизи кредит

Бо асъори миллӣ 30%

Шакли кредит

Нақдӣ ва ғайринақдӣ (маблағи роҳхати сайёҳи тибқи шартномаи имзошуда бо ҶСК «Агроинвестбонк» ҳатман ба ҳисобии агентии сайёҳӣ гузаронида мешавад).

Имконияти пардохти пеш аз муҳлати кредит

Иҷозат дода мешавад.

Комиссия барои пешниҳод намудани  кредит

Мувофиқи «Тарофаҳои ҶСК «Агроинвестбонк» барои хизматрасониҳои бонкӣ»

Манбаи пардохти кредит

Манбаи даромади доимии қарзгиранда ва зомини он, ҳаҷми маблағе, ки барои пардохт намудани кредит ва фоизҳои он кифоя аст, аз он ҷумла даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ.

Таъминоти кредит

Замонати на камтар аз 1 шахси воқеӣ, ки манбаи даромади онҳо дар мавриди зарурӣ барои иҷрои уҳдадориҳояшон кифоя мебошад.

Тартиби пардохти  кредит

Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз)

Пардохти  аввал

На камтар аз 20% аз арзиши роҳхати сайёҳӣ

Шартҳои махсус

1.      Кредит аз тарафи бонки хизматрасон, ки дар маӣали зисти қарзгиранда воқеъ аст барасмият дароварда мешавад;

2.      Ҳангоми баррасии ариза оиди муайян намудани маблағи кредити xудошаванда на зиёда аз 50%-и маблағи умумии даромадҳои расмии қарзгиранда (музди меҳнат ва дигар даромадҳои иловагӣ) ба инобат гирифта мешавад.


Барои дастрас намудани кредит бо нақшаи «Кредит барои сайёҳат» қарзгиранда  бояд ҳатман  ба корманди кредитии бонк ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

q Нусхаи шиносномаи қарзгиранда ва зомини вай бо нишондоди қайди ҷои зист;

q Маълумотнома аз ҷои кори қарзгиранда ва зомини вай дар бораи даромад ва ё ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории онҳо  (шаҳодатнома, иҷозатнома, патент, пардохтҳои андоз ва ғ.);

q Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷои кори қарзгиранда ва зомини вай (шартномаи меҳнатӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома аз шӯъбаи    кормандон);

q Гувоҳнома дар бораи РМА-и қарзгиранда;

q Расми қарзгиранда 3х4 (1 адад);

q Ҳисобнома – (счет-фактура) аз агентии сайёҳӣ.

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал