Қурби асъор БМТ 

2024-11-21



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

ЭКВАЙРИНГ – ҚАБУЛ БАРОИ ПАРДОХТИ КОРТҲОИ ПЛОСТИКӢ ДАР МУАССИСАҲОИ САВДО ВА ХИЗМАТРАСОНӢ (НСХ).

 

Бонки мо оид ба хизматрасонии кортҳои плостикӣ ҳангоми пардохти молҳо ва хизматрасониҳо, ки аз ҷониби ширкати шумо пешниҳод мешавад, ҳамкориро пешниҳод менамояд.

Кортҳои плостикии шакли васеъ паҳншудаи пардохт барои молҳо ва хизматрасонӣ ба шумор рафта истодаанд ва бештару фаъолона гардиши нақдии воситаҳои пулиро иваз мекунанд. Пардохти молҳо ва хизматрасонӣ тавассути кортҳои бонкӣ шакли пешравтаи ҳисобҳо миёни фурӯшанда ва харидор ба шумор меравад. Кортҳо ҳарчӣ бештар қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯзаи мо ба шумор мераванд ва дорандагони он бемайлон зиёд мешаванд. Инҳо ҳам кормандони ширкатҳо, ки музди маошашонро тариқи кортҳои плостикӣ мегиранд, ҳам туристонӣ хориҷӣ, ки фақат ба ҳамин намуди ҳисобҳо одат намудаанд ва шаҳрвандоне, ки бо худ гардонидани маблағҳои калони нақдиро одат накардаанд.  

Ҳамкорӣ бо ҶСК «Агроинвестбонк» дар самти қабул намудан барои пардохти кортҳои плостикӣ, барои таъмини рушди дурнамои тиҷорати шумо кӯмак мерасонад. Мо пешниҳод дорем, тавассути дастгоҳи пардохтӣ ҷорӣ намудани кортҳои плостикии низомҳои пардохтии Visa International, MasterCard Worldwide и КАД самаранокии тиҷорати Шуморо афзоем.  Бо мо барои хизматрасонӣ Шартнома баста, ташкилоти шумо бе хароҷотҳои зиёдатӣ на танҳо роҳҳои осон ва саривақтии пардохтро ҷорӣ менамояд, балки як қатор бартариятҳои рақобатнок ва ғайрибаҳснокро ба даст биоварад:

      

1-  Беҳтар намудани имиҷи муассисаи Шумо аз ҳисоби истифодабарии технологияҳои замонавӣ ва ба мизоҷ пешниҳод намудани имконияти интихоби воситаи пардохт.  

2-      Имконияти захиравии мӯътадили зиёд намудани гардиши мол меафзояд.

3-      Зиёдшавии мизоҷон ва гардишҳои муассисаи шумо аз ҳисоби:

·        Ҷалб намудани мизоҷони нав - соҳибони кортҳои плостикӣ;

·        Зиёд намудани ҳаҷми миёнаи харид;

·        Харид бо қарз тавассути кортҳои кредитӣ.

4-      Бехатарӣ ва қуллай будани пардохтҳо:

·      Шумо минбаъд барои аз қаллобӣ ва пулҳои қалбакташвиш эмин мондан ташкиш намекашед;

·        Мизоҷон аз воситаҳои пули мавҷудбуда маҳдуд намешаванд;

·    Соҳибони кортҳо барои харидорӣ намудани харидҳои ғайринақшавӣ ва молҳои қимматтар мушкилӣ намекашанд;

·        Воситаҳои нақдӣ дар хазинаҳо камтар мешаванд;

·        Бо кортҳо кор кардан хеле осон ва қуллайтар аст;

·      Қаторҳои камтар дар назди хазина инчунин хазинадор барои пардохи бақия вақт сарф намекунад ;

·        Маҳдуд гаштани шумораи амалиётҳо бо нақдинаҳо ва гузаронидани пулҳои майда ба хазина;

·        Маҳдудшавии хароҷот барои ҳаволаҳо;

5-      Ҳатмӣ нест, ки дар ҶСК «Агроинвестбонк» суратҳисоб кушоӣ.

6-    Шартҳои манфиатовари хизматрасонӣ ва ҷуброни воситаҳо дар мӯҳлати кӯтоҳтарин .

7-      Барномаҳои якҷояи шарикӣ барои дорандагони кортҳои плостикӣ.

 

Мизоҷони ҶСК «Агроинвестбонк» мағозаҳои зиёди савдои мухталиф, маҷмаъаҳои мухталиф, тарабхонаҳо ва дигар ташкилотҳои на танҳо фақат дар шаҳри Душанбе, балки дар дигар шаҳрҳои бузург ва ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

   

Он чӣ гуна кор мекунад

1-     Муассиса Шартномаи эквайрингӣ мебандад.

2-    ҶСК  «Агроинвестбонк» таҷҳизоти муҳими замонавиро, ки дар усули онлайн бо низоми бонкӣ кор мекунад, пешниҳод мекунад ва ба роҳ мемонад.  

3-  ҶСК  «Агроинвестбонк» омӯзиши кормандонро оид ба таҷрибаи қабули пардохтҳо тавассути кортҳои плостикӣ доир менамояд.

4-      Харидор кортро барои пардохти харид пешниҳод менамояд.

5-      Гузаронидани амалиётҳо на бештар аз як дақиқа.

6-  Гузаронидани воситаҳои пулӣ ба суратҳисоби ташкилот бо назардошти комиссия барои амалӣ намудани ҳисобҳо .

 

Шартҳои хизматрасонињои эквайрингии ҶСК «Агроинвестбонк» яке аз манфиатноктарин хизматрасониҳо дар бозор ба шумор меравад ва дар ҳар як ҳолат сӯҳбатҳо хусусӣ гузаронида мешаванд ва изофаҳои молиявии иловагӣ талаб карда намешавад.   

 

Барои чӣ фақат ҶСК  «Агроинвестбонк»

ҶСК «Агроинвестбонк» – бузургтарин бонки эквайер дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ки маркази протсессингии хусусии худро доро мебошад, ки нигоҳ доштани сатҳи баланди сифати хизматрасониҳои Эквайрингиро бо арзиши камтарин нигоҳ медорад, инчунин ошкор гаштани маълумотҳои махфиро имкон намедиҳад.

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал