Қурби асъор БМТ 

2024-11-02



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

Қарзгузорӣ барои фаъолияти соҳаи кишоварзӣ  

  Кредит барои фаъолияти соҳаи кишоварзӣ  ба шахсони воқеӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ва шахсони ҳуқуқӣ барои пешбарии фаъолияти соҳаи кишоварзӣдар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тиҷорати устувор ва умедбахш, таҷрибаи бойи фаъолият, сармояи хусусӣ, ва имконияти ба Бонк пешниҳоди таъминнокии кредитро доранд, дода мешавад.  

Ҳангоми қарзгузорӣ барои фаъолияти соҳаи кишоварзӣриояи принсипҳои зерин ҳатмӣ мебошад: 

Талабот нисбати мизоҷон

1.   Синну соли мизоҷ:  - аз 18 то 62 сол;   

2.    Субъекти қарзгузорӣ:

·  Хоҷагии деҳқоние, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, фаъолияти хоҷагидории худро мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд. 

· Шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияти хоҷагидории худро мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозанд.

·  Шахсони воқеие, ки фаъолияти хоҷагидории худро мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.

· Шаҳрвандоне, ки маҳалли зисти воқеӣ (қайди ҷои зист, шиносномаи ҶТ) ва фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон- минтақае, ки сохтори қарздиҳандаи Бонк ҷойгир шуда бошад. 

3.    Аризаҳои кредитии мизоҷон/фермерон дида баромада мешаванд: 

·  Дорандагони сертификати ҳуқуқи истифода-барии замин, ё ин ки созишномаи иҷора (ба ғайр аз соҳибони қитъаҳои наздиҳавлигӣ).

·  Ба ғайр аз маҳсулоти асосӣ, мизоҷ бояд банизомдарорандаи маҳсулоти иловагии кишоварзӣ бошад ё ин ки дигар сарчашмаҳои даромад дошта бошад.

·  Доштани таҷрибаи хуби корӣ дар соҳаи кишоварзӣ на камтар аз 1 сол.

·  Доштани агрономи ботаҷриба ё ин ки имконияти гирифтани маслиҳати тахассусии агроном.

· Надоштани кредити ҷорӣ аз ташкилотҳои қарзӣ

· Дорандагони таърихи мусбии кредитӣ.

· Дорои лаёқати пардохтпазирӣ дар тиҷорати кишоварзӣ.

· Мавҷуд набудани доғи судӣ. 

Шартҳои ҳатмӣ

Ҳиссаи моликияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тиҷорат бояд зиёда аз 51% бошад. 

Асъор

Сомонӣ, доллари ИМА, рубли русӣ, евро 

Ҳаҷми ҳаддиақали кредит

100 доллари ИМА ё муодили он бо дигар асъор. 

Мўҳлати кредит

-  Муҳлати кредит то 18 моҳ, - Додани он давра ба давра пешбинӣ шудааст (то 4-давра),   -   Имконияти додани якмаротибагии кредит ҳаст, агар муҳлати кредит аз 9 моҳ зиёд набошад. 

Мақсади қарзгузорӣ

Метавонанд фақат воситаҳои дар гардишбударо маблағгузорӣ кунанд: ·   Харидани тухмии маводи кишоварзӣ бо мақсади рӯёнидани маводи додашудаи соҳаи кишоварзӣ (аммо на бо мақсади фурӯши тухмӣ ё ин ки аз нав коркарди минбаъдаи он)  

·  Харидории нуриҳои фоидаовар бо мақсади рӯёнидани тамоми маводи кишоварзӣ  

·   Харидани маводҳои сӯзишворӣ бо мақсади рӯёнидани тухмиҳои кишоварзӣ  

·   Харидани заҳрхимикатҳо бо мақсади рӯёнидани тухмиҳои соҳаи кишоварзӣ  

·   Иҷораи техникаи кишоварзӣ бо мақсади рӯёнидани тухмии кишоварзӣ  

·    Хароҷоти нақлиёт бо мақсади рӯёнидани тухмӣ  

·    Пардохти хизматрасонии кормандон (маош) бо мақсади рӯёнидани маҳсулоти кишоварзӣ  

·    Дигар хароҷотҳо, вобаста бо маблағгузории дороиҳои дар гардишбуда бо мақсади рӯёнидани тухмиҳои соҳаи кишоварзӣ.  

Меъёри фоизӣ

Бо асъори миллӣ - 26% солона

Бо асъори хориҷӣ - 25% солона

Тартиби ҳисоби фоизҳо

Ҳисобӣ намудани фоизҳо аз бақияи кредити асосӣ 

Комиссия барои пешниҳод намудани кредит

Мувофиқи «Тарофаҳои ҶСК «Агроинвестбонк» барои хизматрасонии бонкӣ». 

Тартиби пардохти кредит

-     Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз) 
-     Ҳармоҳа пардохти кредит бо ҳиссаи баробар; 
-     Пардохт ҳар семоҳа (фоизҳо ҳармоҳа пардохт мешаванд). 

Давраи имтиёзнок

-      Давраи имтиёзнок фақат аз рӯи кредити асосӣ;
-      Муфассал дар вақти баррасии аризаи кредитӣ муйаян карда мешавад; 

Таъминоти кредит

Бо сифати таъминоти кредит Бонк метавонад қабул кунад: 
-      Молҳои дар гардишбуда; 
-      Амволи хона; 
-      Амволи ғайриманқул; 
-      Маснуоти тилловорӣ; 
-      Таҷҳизот; 
-      Депозит; 
-      Воситаҳои нақлиёт; 
-      Техникаи кишоварзӣ; 
-      Ҳосили қарзгиранда; 
-     Кафил/ва ғ. 

Ҳуҷҷатнигории барои   додани аризаи қарзӣ муҳим

1.   Шиноснома (Роҳбари ташкилот) 
2.   РМА  
3.   Шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии хоҷагии деҳқонӣ ё ин ки шахси ҳуқуқӣ. Дар ҳолате, ки агар мизоҷ - шахси воқеӣ бошад, ин ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда намешавад; 
4.  Оинномаи ташкилот (фақат барои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони ҳуқуқӣ ); 
5.   Ҳисоботи тавозунӣ, ҳисобот дар бораи фоида, зарар ва ҳисобот дар бораи ҳаракати воситаҳои пулии ташкилот (фақат барои шахсони ҳуқуқӣ);
6.   Сертификат барои ҳуқуқи истифодабарии замин ё инки шартномаи иҷораи замин; 

Қарзгузории мувозӣ

Агар мизоҷ дар Бонк кредити ҷорӣ дошта бошад ва иқтидори молиявии ӯ барои хизматрасонии ду кредит кифоят бошад дар ин ҳолат додани кредит имконпазир аст. 

  Ба мизоҷони такрорие, ки таърихи хуби кредитӣ доранд, барои маблағ ва муҳлати кредит, меъёри фоиз, таъминоти гарав, тартиби баргардонии кредит ва фоизҳои он имтиёз дода мешавад. 

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал