Қурби асъор БМТ 

2024-10-11



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

ҚАРЗГУЗОРӢ  БО НАҚШАИ  «КРЕДИТ БАРОИ РОҲКИРО»


 «Кредит барои роҳкиро» - намуди қарзгузории кутоҳмуддат (то 8 моҳ) ба қарз-гиранда имконияти аз бонк дастрас намудани маблағи пулиро барои пушонидани ҳароҷотҳои роҳкиро барои берун аз қаламрави ҷумҳурӣ ба кор баромадан фароҳам меорад ва сипас мувофиқи шартномаи кредитӣ,  кредит ва фоизҳои ҳисобшудаи онро пардохт менамояд.


Қарзгузорӣ бо нақшаи «Кредит барои роҳкиро» бо шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:

Талабот   нисбати қарзгиранда

1.      Сину сол – аз 18 то 55 сола дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои мард;

2.      Сину сол – аз 18 то 50 сола дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои зан;

3.      Маҳали зисти воқеӣ (қайд) дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4.     Мавҷуд будани шиносномаи хориҷӣ.

Асъори  кредит

Сомонӣ, доллари ИМА, рубли русӣ, евро

Ҳаҷми кредит

Аз 100 то 800 доллари  ИМА  ё муодили он бо дигар асъор

Муҳлати кредит

Аз 1 то 8 моҳ

Андозаи фоизи кредит

Бо асъори миллӣ 36%, бо асъори хориҷӣ 30%-и солона

Шакли кредит

Нақдӣ ва ғайринақдӣ (бо интихоби қарзгиранда)

Имконияти пардохти пеш  аз муҳлати кредит

Иҷозат дода мешавад.

Комиссия барои пешниҳод  намудани  кредит

Мувофиқи «Тарофаҳои ҶСК «Агроинвестбонк» барои хизматрасониҳои бонкӣ»

Манбаи пардохти кредит

Даромадҳое, ки аз фаъолияти меҳнатӣ берун аз қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муҳоҷирати меҳнатӣ ба даст оварда мешавад.

Таъминоти кредит

* Замонати на камтар аз 2 шахси воқеӣ, ки манбаи даромади онҳо дар мавриди зарурӣ барои иҷрои уҳдадориҳояшон кифоя мебошад;

**   Маснуоти  тилловорӣ;

*** Амволи манқул.

Тартиби пардохти  кредит

* Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз)

**Ҳармоҳа пардохти фоизҳо бо пардохти кредити асосӣ  дар мувофиқа бо қарзгиранда.

Шартӣои махсус

1.      Кредит аз тарафи бонки хизматрасон, ки дар маҳали зисти қарзгиранда воқеъ аст барасмият дароварда мешавад;

2.      Барои филиалҳои минтақаи дурдаст дар сурати набудани маълумотнома аз ҷои кор дар бораи даромад тавсия дода мешавад, ки амволи манқули хоҷагидорро ба гарав гирифта шартномаи гарави амвол баста шавад.

3.      Барои шаффофии пардохт тавсия карда мешавад, ки пардохти кредит бо воситаи низомҳои интиқоли маблағе, ки ҶСК «Агроинвестбонк» бо онҳо шартномаи ҳамкорӣ дорад, истифода шавад;

4.      Пардохти кредит ва фоизҳо бо роҳи интиқол тавассути  низоми интиқоли маблағҳои «Контакт» мумкин аст.


* Барои дастрас намудани кредит бо нақшаи «Кредит барои роҳкиро» таҳти замонати шахсони воқеӣ қарзгиранда бояд ҳатман  ба корманди кредитии бонк  ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

q  Нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ ва хориҷии қарзгиранда, нусхаҳои шиносномаҳои шаҳрвандии на камтар аз ду зомин бо нишондоди қайди ҷои зист;

q  Маълумотнома аз ҷои кори зоминон дар бораи даромад;

q  Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷои кори зоминон (шартномаи меҳнатӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома аз шӯъбаи кормандон);

q  Гувоҳнома дар бораи РМА-и қарзгиранда;

q  Расми қарзгиранда 3х4  (1 адад).


** Барои дастрас намудани кредит бо нақшаи «Кредит барои роҳкиро» бо гарави маснуоти тилловорӣ қарзгиранда бояд ҳатман ба корманди кредитии бонк ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

q  Нусхаи шиносномаи шаҳрвандӣ  ва хориҷӣ  бо нишондоди қайди ҷои зист;

q  Гувоҳнома дар бораи РМА-и қарзгиранда;

q  Расми қарзгиранда 3х4 (1 адад);

q  Cанад оид ба  нархгузории маснуоти тилловорӣ.

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал