Қурби асъор БМТ 

2024-12-26



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

ДЕПОЗИТИ НАФАҚАВИИ «РОҲАТ»


Хусусиятҳо: Бонк барои ҳимояи қудрати харидории воситаҳои ба ҳисоби депозитӣ воридшавандаи Амонатгузор бо асъори миллӣ, бо дархости ӯ тариқи мубодилаи он ба яке аз асъорҳои хориҷӣ бо қурби фурӯш дар рӯзи воридшудани воситаҳо чораҳо меандешад.

Тавсия мешавад: Барои шахсоне, ки хоҳиши бо роҳи гузоштани депозит то давраи нафақавии худ ин воситаҳоро ҳифз ва нигоҳ доштан мехоҳанд. 

Дар ҳолатҳое, ки Амонатгузор хоҳиши давра ба давра ворид намудани воситаҳоро ба ҳисоби депозитии худ дошта, мехоҳад ин воситаҳоро то давраи нафақавии худ нигоҳ дорад, инчунин аз беқурбшавӣ ҳифз намудани онҳоро дар давраи таваррум таъмин намояд, бонк метавонад барои чунин Амонатгузор ҳисоби депозитии нафақавии «Роҳат» кушояд.

Дар ҳолати пеш аз мӯҳлат талаб намудани маблағи депозити мӯҳлатнок аз ҷониби Амонатгузор, Бонк фоизҳои депозитро аз нав бо андозаи 2 фоизи пешбинишуда ҳисоб намуда, маблағи депозитро баъд аз тарҳи он маблағе, ки Амонатгузор истифода бурдааст, бармегардонад.

Депозити «Роҳат» барои шахсони воқеии аз синни 50 сола боло кушода мешавад.

Ҳамаи амалиётҳои дигар вобаста ба депозити «Роҳат» бо тартиби умумӣ амалӣ мешаванд.


Шартҳои асосии депозити нафақавии «Роҳат»

Маблағи аввалия

На камтар аз 10 воҳиди асъори ҳисоб (бо рубли ФР 100)

Асъори депозит

Сомонӣ, доллари ИМА, рубли ФР, евро

Муҳлати депозит

Дархостӣ

Андозаи фоиз

8%-и солона

Воридоти иловагӣ

На зиёда аз 2 000 воҳиди асъори ҳисоб (бо рубли ФР 20 000 воҳид) дар як моҳ

Давраи ҳисоби фоизҳо

Ҳармоҳа

Давра ва тартиби пардохти фоизҳо

Ҳармоҳа

  • ба таври нақдӣ
  • тавассути корти пластикӣ
  • капитализатсия

Шартҳои махсус

Барои иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ имконияти ройгон расонидани воситаҳои пулӣ ба манзилашон пешниҳод мешавад

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал