Қурби асъор БМТ 

2024-12-26



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

Шартҳо


ҶСК«Агроинвестбонк» амалиётҳои сейфиро бо роҳи пешниҳод намудан ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои истифодабарии муваққатӣ- ба мӯҳлати 10 ё 20 рӯз, ё ки то як моҳ ва зиёда аз он, қуттичаҳои махсусгардонидашудаи фардиро ба андозаҳои гуногун амалӣ менамояд.

Ҳангоми ба иҷора додани қуттичаҳои сейфӣ байни ҶСК «Агроинвестбонк» ва Мизоҷ Шартнома оид ба иҷора додани қуттичаҳои алоҳидаи сейфӣ барои нигоҳдории арзишҳо баста мешавад.

Пардохти ҳаққи хизматрасонии бонкӣ аз рӯи пешниҳоди қуттичаҳои алоҳидаи сейфӣ барои нигоҳдории арзишҳо, ки ба Мизоҷ иҷора дода мешавад, мувофиқи Тарофаҳои муқаррарнамудани Раёсати ҶСК «Агроинвестбонк» вобаста ба андозаи қуттичаҳои ба иҷора додашаванда ва мӯҳлати нигоҳдории арзишҳо муқаррар карда мешавад. Мӯҳлати пардохт дар Шартнома дарҷ мегардад.

Тарафҳо метавонанд бо розигии ҳамдигар мӯҳлати шартномаи иҷораи қутичаҳои сейфиро тамдид намоянд. Инчунин Мизоҷ (иҷорагиранда) метавонад бо хоҳиши худ Шартномаи иҷоравиро пеш аз мӯҳлат қатъ намуда арзишҳои барои нигоҳодорӣ гузоштаашро бозпас гирад.


Тарофаҳо

  • Иҷораи сейфи намуди А (32,0 см. х 7,5 см.) – 0, 60 сомонӣ
  • Иҷораи сейфи намуди В (32, 0 см. х10,0 см) – 0, 65 сомонӣ
  • Иҷораи сейфи намуди С (32,0 см. х 15, 0 см) – 0, 70 сомонӣ
  • Иҷораи сейфи намуди D (32,0 см. х 25, 0 см) – 0, 75 сомонӣ
  • Иҷораи сейфи намуди E ( 32,0 см х 30,0 см.) – 0, 80 сомонӣ
Бо ташабуси Мизоҷ гирифтани арзишҳо аз кутичаи алоҳидаи сейфи барои тафтиш, кисман ё пурра гирифтани онҳо ( пардохти як маротибаги- новобаста аз намуди сейф ва муҳлати нигаҳдори) – 12, 00 сомонӣ

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал