Қурби асъор БМТ 

2024-12-26



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

     ҶСК «Агроинвестбонк», дар соли 1992 асос ёфта, яке аз Бонкҳои пешбари Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар тамоми миқёси ҷумҳурӣ дорои шабакаи пурқудрати филиалҳо мебошад. Сармояи оиинномавии Бонк аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеи - резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин аз тарафи Бонки Аврупоии Рушд ва Тараққиёт ташкил дода шудааст.

   Айни замон ҶСК «Агроинвестбонк», тибқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба стратегияи солимгардонии вазъи молиявии ҶСК «Агроинвестбонк» барои солҳои 2017-2019», ки дар якҷоягӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 527 аз 12 декабри соли 2016 «Дар бораи ба муомилот баровардани қоғазҳои қиматноки давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сармоякунонии бонкҳо» таҳия ва тасдиқ гардидааст, тамоми фаъолияти бонк баҳри солимгардонии вазъи молиявии бонк равона карда шудааст.

Бонк ба ҳолати майи соли 2018 чунин ба қайд гирифта шудааст: 

  • 47 филиал
  • 1 мудирияти амалиётӣ
  • 69 банкомат

    Эътимоднокии баланди ҶСК «Агроинвестбонк»- ро мукофотҳои соҳибшудаи байналмилалии он далолат медиҳанд. Октябри соли 2002 дар конфронси Женева таҳти унвони «Bussiness Initiative Directions» Бонк бо мукофоти "International Star Award for Quality" (ситораи Байналмилалии сифат) бо арзиши "Тилло"-ӣ, барои дастовардҳои ноилгашта дар истифодабарии фаъолияти хизматрасонии ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ба даст овард. Моҳи марти соли 2003 дар конфронси дар шаҳри Франкфурт бо унвони «Bussiness Initiative Directions» баргузоргашта, Бонк бо нишони "The Arch of Europe" (Аркаи Аврупо) бо арзиши "Фӯлодин" барои сифати баланди хизматрасониҳои бонкӣ ва истифодабарии технологияи муосир мукофотонида шуд.

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал