Қурби асъор БМТ 

2024-10-11



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

Дар ҶСК «Агроинвестбонк»  интихоби кормандон дар асоси озмун ва вобаста ба меъёри эҳтиёҷот амалӣ мешавад. Эълон дар бораи озмун барои ҷойҳои кори холии саридора ва ё филиалҳо дар рузномаҳои ҷумҳуриявии  «Азия плюс», «Рекламная  газета»,   ва барои филиалҳо инчунин дар матбуоти минтақавӣ ба нашр мерасад. Дар эълонҳо тамоми талабот ба вазифаҳо ва феҳристи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ишора мешавад.

Баъд аз ҷамъшавии (омӯзиш) ҳуҷҷатҳо, дар муддати 1 моҳ озмун ташкил карда мешавад, довталабон пешакӣ аз хусуси ҷой ва вақти баргузории озмун хабар дода мешаванд. Оид ба натиҷаҳои озмун, ки дар се давра гузаронида мешавад: санҷиши хаттӣ, суҳбат ва тафтиши дониши компютерӣ, номзад ба сифати коромӯз  ба муҳлати санҷишӣ ба кор қабул карда мешавад.

Таъинот ба вазифаҳо аз натиҷаи фаъолияти ӯ дар муҳлати санҷишӣ амалӣ карда мешавад.

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал