Қурби асъор БМТ 

2024-12-05



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

Шартҳо


ҶСК «Агроинвестбонк» яке аз бузургтарин бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва нишондодҳои баланди эътимоднокиро доро мебошад. Дар Бонки мо Шумо метавонед, ба хизматрасонии баландсифат умед бандед. Мутахассисони мо ба шумо дар интихоби кортҳо кӯмак менамоянд, дар бораи ин ё он хусуссияти кортҳои пардохтӣ, тарофаҳо, кам кардани нарх ва имтиёзҳо маслиҳат медиҳанд.

ҶСК «Агроинвестбонк» дар бозори кортҳои пластикӣ на танҳо яке аз пешсафон маҳсуб мешавад, балки дар ин ҷода навовар низ ба шумор меравад. Бонк пайваста ба мизоҷони худ хизматрасониҳои нав пешниҳод мекунад, ки ба меъёрҳони нави байналмиллалӣ ҷавобгӯ мебошанд. Барпокунии Маркази протсессингии хусусӣ «In-House» имконияти амалисозии амилётҳоро аз рӯи кортҳо фаврӣ, камхарҷ ва эътимоднок фароҳам меорад.

Дар ҶСК «Агроинвестбонк» Шумо метавонед, яқинан ҳамон кортро интихоб намоед, ки барои Шумо қобили қабул аст: аз корти арзони «электронӣ» шурӯъ карда, то кортҳои «тиллоӣ». Шумо метавонед дилхоҳ низоми пардохтиро интихоб кунед: Visa International, MasterCard Worldwide ё ин ки кортҳои локалии КАД (Корти Аввалини Дохили).

Истиқоматкунандагони минтақаҳои Тоҷикистон метавонанд дар тамоми филиалҳои бонк суратҳисоб кушоянд ва корти пластикӣ дархост кунанд.


Ҳангоми тартиб додани дархост барои тайёр намудани корт, аз ҷониби мизоҷ ҳатмист:

  • доштани шиносномаи шаҳрвандӣ / Шиносномаи хориҷӣ;
  • расм (ранга ё ин ки с/с);
  • пардохт барои тайёр намудани корт ва кушодани ҳисоби депозитӣ
  • аризаи мизоҷ барои кушодани ҳисоби депозитии бонкӣ ва барои он корти пластикӣ;
  • маълумоти шахсии мизоҷ.

Бонк аз ҷониби худ пешниҳод менамояд:

  • Шартномаи ҳисоби депозитии бонкӣ ба корти пластикӣ;
  • Қоидаҳои истифодабарии суратҳисоб ва корти пластикӣ;
  • Мушахассот барои интиқоли воситаҳои пулии бонкӣ ба ҳисоби бонкии депозитӣ тавассути корти плостикӣ;
  • Тарофаҳои бонкӣ тавассути амалиётҳо бо истифода аз корти пластикӣ.

Корт дар муддати 2 рӯзи бонкӣ, баъд аз пешниҳоди ариза аз ҷониби Шумо барои тайёр намудани корт ва кушодани ҳисоби депозитӣ дар ҶСК «Агроинвестбонк» омода карда мешавад.


Бехатарии нигоҳдорӣ ва истифодабарӣ


Мувофиқи маълумоти оморӣ, бештари проблемаҳо оиди бехатарии истифодабарии корт аз ҳисоби гум намудани корти пластикӣ аз тарафи соҳибони он ба вуҷуд меоянд. Аз ҳамин сабаб, бо истифодабари аз корт кӯшиш кунед, ки бодиққат ва боэҳтиёт бошед. Дар ҳолатҳои пешбинӣ нашуда, ҳар чи фавритар ба ҶСК «Агроинвестбонк» тавассути телефонҳои: (+992 37) 236-51-73, 236-51-69 муроҷиат намоед.

Барои он ки кортатонро муҳосира кунонед, барои оператор ракам ва мӯҳлати фавъолияти корт ва ба суолҳои ӯ ҷавоб додан зарур аст. Ҳатман ному насаби операторе, ки маълумоти Шуморо қабул кард, аниқ кунед.

Аризаи хаттӣ тартиб диҳед ва онро тавассути факс ба ҶСК «Агроинвестбонк» бо раками (+992 37) 236-51-69. равона кунед. Дар ариза муфассалтар ҳолати гум шудан ё дуздида шудани кортро дарҷ кунед, инчунин дар бораи истифодаи ғайриқонунии он маълумот пешниҳод намоед, агар ин гуна маълумот барои Шумо аниқ шуда бошад. Баъд аз он ки аз тарафи Бонк ин гуна маълумот қабул мешавад, ҷавобгарии Шумо барои минбаъд истифодабарии корт қатъ мегардад.

Кӯшиш намоед, ки аз мағозаҳои интернетии тафтишшуда, ки ба эътимоднокиашон боварӣ ҳосил намудаед, харидорӣ намоед. Чун қоида, Интернет-мағозаи боэътимод гузаронидани пардохтро бо истифодаи воситаҳои сертификатсияшудаи бехатарии маълумот, пешниҳод менамояд: протоколи SSL (Secure Socket Layer) ёки стандарти SET (Secure Electronic Transaction).

Истифодабарии корти пластикӣ қуллан бехатар мебошад, агар бо маслиҳатҳои дар ҳамин қисмат овардашуда амал намоед. Тавсияҳои моро хонед ва тариқи истифода аз онҳо амал карданро фаромӯш накунед Корти пластикиатонро дар ҷои бехатар нигоҳ доред, то шахсони бегона ба он дастрасӣ надошта бошанд. Ба шахсони сеюм онро надиҳед.

Агар Шумо се маротиба ПИН-коди нодурустро ворид сохтед, банкомат корти Шуморо дар худ нигоҳ медорад ва онро муҳосира мекунад. Ин меъёри махсуси бехатарӣ дар он ҳолате ба шумор меравад, ки агар авбошон кӯшиши гирифтани ПИН-коди Шуморо мекунанд. Агар корти Шумо дар Банкомати ҶСК "Агроинвестбонк" муҳосира шуда бошад, ба Бонке муроҷиат намоед, ки онро ба Шумо гирифта медиҳад. Агар кортатон дар банкомати бонки бегона дармонда бошад, дар ин ҳолат Шумо бояд ба ҳамон бонке муроҷиат кунед, ки банкомат ба он мансуб аст. Одатан ҳангоми пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо корт ба соҳибаш гардонида мешавад. Аммо ҳолатҳое рух медиҳанд, ки мувофиқи қоидаҳои бонк, додани корти муҳосирашуда, пешбинӣ нашудааст. Дар ин ҳолат Ба ҶСК «Агроинвестбонк» бо раками (+992 37) 236-51-69 муроҷиат кардан лозим аст.

Ҳангоми пардохт намудан тавассути корти плостикӣ, кӯшиш кунед, ки ҳамаи амалиётҳои бо он амалишаванда дар ҳолати иштироки Шумо гузарад. Ба фурӯшанда иҷозаи аз ҳузуратон дуртар бурдани кортатонро ба дигар бино надиҳед, онро аз назаратон дур нагузоред. Кортатонро фақат ба ҳамон мағозаҳое пешниҳод намоед, ки онҳо пурра ба боварии Шумо ҷавоб гуфта метавонанд. Хусусан ҳангоми сафар намудан ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва минтақаи Осиёгии Уқёнуси Ором ин нуктаро хеле зиёд ба хотир бояд гирифт! Кӯшиш кунед, корти Шумо ба дигар ашёҳо, ки майдони қавии магнитӣ доранд, нарасад. Онро болои телевизор ва аудиосистемаҳо нагузоред- ин метавонад корти шуморо бемагнит гардонад.

Агар Шумо кортро гум кардед, фавран ба ҶСК "Агроинвестбонк" хабар диҳед. Корти Шумо дарҳол муҳосира карда мешавад. Ҳар қадар барвақттар ба Бонк муроҷиат кунед, ҳамон миқдор ба авбошон шонси камтар боқӣ мегузоред.

 

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал