Қурби асъор БМТ 

2024-12-05



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

ДЕПОЗИТИ «КЛАССИК+»


Истифодабарии кортҳои пластикӣ, ба Амонатгузор имконияти гузаронидани амалиётҳои ҳисоббаробаркуниро, ба монанди пардохти мол ва хизматрасонӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасоние, ки кортҳои пластикиро чӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва чӣ берун аз он хизматрасонӣ мекунанд, инчунин барои хизматрасониҳои комуналӣ ва операторони мобилӣ фароҳам месозад. Корти пластикӣ имконияти гирифтани пули нақдӣ дархостиро дар ҳадди лимитҳои рӯзонаи гирифтани нақдина, ки аз тарафи бонк муайян гаштааст, фароҳам меорад. Гирифтани маблағҳо дар дилхоҳ банкомат, ё ин ки нуқтаҳои додани пули нақд бо арзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – сомонӣ ва доллари ИМА ва берун аз марзи Тоҷикистон - бо пули миллии давлати воқеъ буда имконият дорад, инчунин фоизҳои депозит ҳармоҳа баъд аз ситонидани андоз ба ҳисоби депозитӣ гузаронида мешаванд.

ҶСК «Агроинвестбонк» ба Мизоҷони худ намудҳои зерини кортҳои пластикиро пешниҳод мекунад:


·       КАД (Корти Аввалини Дохилӣ) – ин корти шабакавии низоми пардохтии дохили ҷумҳуриявӣ аст, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар терминалҳои ҶСК «Агроинвестбонк» ва терминалҳои бонкҳои – шарик истифода мешавад;

·       VISA Electron ва Maestro кортҳои низомҳои пардохтии Байналмилалие, ки дар бештари давлатҳои дунё хизматрасонӣ карда мешаванд;

·       VISA Classic ва Master Card Standard кортҳои сатҳи намояндагӣ мебошанд. Мавҷудияти депозити суғуртавиро талаб мекунанд;

·     VISA Gold, MasterCard Gold, VISA Business ва MasterCard Businessҳамчунин кортҳои дорои сатҳи намояндагӣ мебошанд. Мавҷудияти депозити суғуртавиро талаб мекунанд.


Пардохти суғуртавӣ - ҳангоми барасмиятдарории депозит пардохт карда шуда дар ҳолати маҳкам намудани ҳисоби депозитӣ ба Амонатгузор баргардонида мешавад.


Имконияти техникии ин кортҳо вобаста ба тавсифи истифодабарӣ муайян мешаванд. Мисол:

·             шахсӣ – барои истифодабарии фардӣ аз ҷониби як дорандаи ҳисоби шахсӣ дар бонк таъин шудааст (пур кардани ҳисоб аз тарафи худи дорандаи корт, дохил кардани моҳона ва ғайра);

·             оилавӣ – барои истифодабарии гуруҳи одамон аз як ҳисоб новобаста аз маҳалли зисташон (ҳангоми дархости мизоҷ ба суратҳисоби асосии мизоҷ корти иловагӣ кушода мешавад);

·          корпоративӣ – барои аз як ҳисоб истифодабарии кормандони муассиса тариқи ваколатнома аз ҷониби сардори он (ҳангоми бастани Шартнома бо муассиса корт барои кормандони муассиса, барои намояндагӣ ва хароҷоти сафарҳои хидматӣ кушода мешавад);

·             моҳонавӣ – субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ (муассисаҳо, ташкилотҳо, ширкатҳо ва амсоли онҳо) бо бонк Шартномаи дахлдор баста, моҳонаро ба ҳисобҳои шахсии кормандони худ, ки аз тарафи бонк кушода шуда, тақсим мекунанд. Ба кормандон бо шартҳои имтиёзнок ҳисоби шахсӣ кушода мешавад, кортҳои пластикии бонкӣ (шахсӣ) тайёр карда шуда ба онҳо барои гузаронидани музди маош ва дигар пардохтҳо дода мешаванд.

Вобаста ба он, ки Амонатгузор дар куҷо ва кадом амалиётҳоро мегузаронад, ба ӯ намуди кортҳои муҳлаташон як, ду ва се сола пешниҳод карда мешавад.

Илова бар ин, барои тайёр намудани корт мувофиқи «Тарофаҳои амалкунандаи ҶСК «Агроинвестбонк» барои хизматрасонињои бонкӣ» комиссия ситонида мешавад.

Ҳамаи амалиётҳои дигар вобаста ба депозити «Классик+» бо тартиби умумӣ амалӣ мешаванд.


Шартҳои асосии депозити «Классик +»

Маблағи аввалия

Бе маҳдуд

Асъори депозит

Сомонӣ, доллари ИМА

Мӯҳлати депозит

Дархостӣ

Воридоти иловагӣ

Бе маҳдуд

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал