Қурби асъор БМТ 

2024-12-05



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

Қарзгузорӣ барои фаъолияти тиҷоратӣ 

  Кредит барои фаъолияти тиҷоратӣ ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ барои бурдани фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тиҷорати устувори манфиатбахш, таҷрибаи бойи корӣ, таҷрибаи истифодабарии кор бо сармояи худӣ доранд ва барои Бонк таъминнокии кредитро пешниҳод карда метавонанд дода мешаванд.

Ҳангоми қарзгузорӣ барои фаъолияти тиҷоратӣ риояи принсипҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

Талабот нисбати мизоҷон

1. Синну соли мизоҷ:   
-    аз 18 то 62 сол;   
2. Намуди тиҷорат: 
-    Савдо 
-    Истеҳсолот 
-    Хизматрасонӣ 
3.Тиҷорати шахсони ҳуқуқӣ ё ин ки соҳибкори инфиродӣ ҳатман: 
- бояд дар ҳудуди фаъолияти воҳиди сохтории ҶСК «Агроинвестбонк» бошад; 
- ба қонунҳои ҶТ мувофиқат кунад; 
- шаҳрвандоне, ки маҳали зисти воқеӣ (қайди ҷои зист, шиносномаи ҶТ) ва фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад. 

Шартҳои ҳатмӣ

1.   Қайди тиҷорати амалкунанда.   
2.   Ҳиссаи хусусии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тиҷорат бояд зиёда аз 51% бошад. 

Асъор

Сомонӣ, доллари ИМА, рубли русӣ, евро 

Ҳаҷми минималии кредит

100 доллари ИМА ё муодили он бо дигар асъор. 

Муҳлати кредит

·         кӯтоҳмуддат – аз 1 моњ то 1 сол;  

·         миёнамуддат – аз 1 сол то 3 сол;  

·         дарозмуддат – зиёда аз 3 сол. 

Мақсади қарзгузорӣ

Пурра кардани воситаҳои дар гардишбуда ё ин ки воситаҳои асосии амаликунандаи тиҷорат. 
Тиҷорати нав, амалнакунанда маблағгузорӣ намешавад. 

Меъёри фоизӣ

Бо асъори миллӣ - 32% солона

Бо асъори хориҷӣ - 29% солона

Тартиби ҳисоби фоизҳо

Ҳисобӣ намудани фоизҳо аз бақияи кредити асосӣ 

Комиссия барои пешниҳод намудани кредит

Мувофиқи «Тарофаҳои ҶСК «Агроинвестбонк барои хизматрасонии бонкӣ». 

Тартиби пардохти кредит

-     Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз) 
-     Ҳармоҳа пардохти кредит бо ҳиссаи баробар; 
-     Пардохт ҳар семоҳа (фоизҳо ҳармоҳа пардохт мешаванд). 


Давраи имтиёзнок

-  Пешбинӣ мешавад барои кредитҳои зиёда аз 10 000 доллариИМА; 
- Давраи имтиёзнок танҳо барои кредити асосӣ. 
- Муфассал дар вақти баррасии аризаи кредитӣ муйаян карда мешавад; 

Таъминнокии кредит

Ба сифати таъминоти кредит Бонк метавонад қабул кунад: 
-      Амволи дар гардишбуда; 
-      Амволи хона; 
-      Амволи ғайриманқул; 
-      Маснуоти тилловорӣ; 
-      Таҷҳизот; 
-      Депозит; 
-      Воситаҳои нақлиёт; 
-     Кафил/ва ғ. 

Хуҷҷатнигории муҳим барои   додани аризаи кредитӣ

1.      Шиносномаи мизоҷ (Роҳбари ташкилот)  
2.     РМА муроҷиаткунанда
3.     Шаҳодатнома дар бораи қайди давлатии соҳибкори инфиродӣ ё ин ки шахси ҳуқуқӣ (барои кредитҳои то 3 000 доллари ИМА Патент) ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳим барои тиҷорат (Иҷозатнома, Сертификат ва ғ.); 
4.  Оинномаи ташкилот (танҳо барои шахсони ҳуқуқӣ); 
5.   Ҳисоботи тавозунӣ, ҳисобот дар бораи фоидаву зиён ва ҳисобот дар бораи ҳаракати воситаҳои пулии ташкилот (фақат барои шахсони ҳуқуқӣ). 

Қарздиҳии мувозӣ  

Пешбинӣ нашудааст 

Ба мизоҷони такрорие, ки таърихи хуби кредитӣ доранд, барои маблағ ва муҳлати кредит, меъёри фоиз, таъминоти гарав, тартиби баргардонии кредит ва фоизҳои он имтиёз дода мешавад. 

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал