Қурби асъор БМТ 

2024-12-26



    • 11.3225
    • 13.3560
    • 0.1536
    • TJS
    • TJS
    • TJS

ҚАРЗГУЗОРӢ  БО НАҚШАИ «ХОНА»


«Хона» - намуди қарзгузории дарозмуддат (то 36 моҳ) ба қарзгиранда барои аз бонк дастрас намудани кредит бо шартҳои имтиёзнок бо мақсади харидан ва ё сохтмони хонаи истиқоматӣ имконият медиҳад ва сипас мувофиқи шартномаи кредитӣ, кредит ва фоизҳои ҳисобшуда онро пардохт менамояд.


Қарзгузорӣ бо нақшаи «Хона» бо шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:

Талабот   нисбати қарзгиранда

1.      Баъди 2 (ду) соли гузоштани пасандози «Хона» ба амонатгузор ҷиҳати дастрас намудани кредити имтиёзнок ҳуқуқ дода мешавад;

2.      Сину сол – аз 18 то 63 сола дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои мард;

3.      Сину сол – аз 18 то 58 сола дар муҳлати ниҳоии пардохти кредит барои зан;

4.      На камтар аз 6 моҳ собиқаи корӣ дар ташкилоти дар минтақаи бонки хизматрасон ҷойгир буда бо назардошти муҳлати амали қарордод ё ин ки шартномаи меҳнатӣ;

5.      Барои соҳибкори инфиродӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ;

6.    Маҳали зисти воқеӣ (қайд) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асъори  кредит

Сомонӣ, доллари ИМА, рубли русӣ, евро

Ҳаҷми кредит

Ҳаҷми маблағи кредит ба бақияи пасандозе, ки дар интиҳои муҳлати амали шартномаи пасандозӣ ҷой дошта метавонад баробар мебошад

Муҳлати кредит

То 36 моҳ

Мизони фоизи кредит

Андозаи фоизи кредит тағйирёбанда буда, аз меъёри бозтамвили БМТ вобаста аст – (меъёри бозтамвил + 10 фоиз).

Шакли кредит

Нақдӣ ва ғайринақдӣ (бо интихоби қарзгиранда)

Имконияти пардохти пеш  аз муҳлати кредит

Иҷозат дода мешавад.

Комиссия барои пешниҳод намудани  кредит

Мувофиқи «Тарофаҳои ҶСК «Агроинвестбонк» барои хизматрасониҳои бонкӣ»

Манбаи пардохти кредит

Манбаи даромади доимии қарзгиранда ва зомини он, ҳаҷми маблағе, ки барои пардохт намудани кредит ва фоизҳои он кифоя аст, аз он ҷумла даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ.

Таъминоти кредит

Замонати на камтар аз 1 шахси воқеӣ, ки манбаи даромади онҳо дар мавриди зарурӣ барои иҷрои уҳдадориҳояшон кифоя мебошад ва ё амволи ғайриманқул.

Тартиби пардохти  кредит

Аннуитет (ҳармоҳа, бо ҳиссаи баробар бо назардошти фоиз)

Шартҳои махсус

1.      Кредит аз тарафи бонки хизматрасоне, ки пасандоз дар он нигоҳ дошта шудааст, барасмият дароварда мешавад.

2.    Ҳангоми сохтмони хона ба қарзгиранда имконияти марҳила ба марҳила гирифтани  кредит дода мешавад.


Барои дастрас намудани кредит бо нақшаи «Хона» қарзгиранда бояд ҳатман ба корманди кредитии бонк ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

           Нусхаи шиносномаи қарзгиранда ва зомини вай бо нишондоди қайди ҷои зист;

           Маълумотнома аз ҷои кори қарзгиранда ва зомини вай дар бораи даромад ва ё ҳуҷҷатҳои дигари тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкории онҳо  (шаҳодатнома, иҷозатнома, патент, пардохтҳои андоз ва ғ.);

           Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷои кори қарзгиранда ва зомини вай (шартномаи мехнатӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, маълумотнома аз шӯъбаи  кормандон);

          Гувоҳнома дар бораи РМА-и қарзгиранда;

           Расми қарзгиранда 3х4 (1 адад).

Филиалҳои бонк

карта

33 филиал