Раиси Бонк
Муродалӣ Алимардон
1 апрели соли 2015, дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои Нозирони ҶСК «Агроинвестбонк» Муродалӣ Алимардон ба вазифаи Раиси ҶСК «Агроинвестбонк» таъин карда шуд.
Муродалӣ Алимардон 20 апрели соли 1960 дар ноҳияи Ҳисор, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намуд. Пас аз хатми Донишгоҳ аз рӯи тақсимот ӯ барои кор ба низоми Бонки давлатии ИҶШС равона карда шуд.
Муродалӣ Алимардон фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 дар вазифаи иҳтисодчии шуъбаи қарздиҳии саноатӣ ва соҳаҳои дигари Шуъбаи Бонки давлатии ИҶШС дар ноҳияи Фрунзеи ш.Душанбе оғоз намуд. Аз соли 1986 то соли 1992 Муродалӣ Алимардон дар вазифаҳои иқтисодчии калон, сардори шуъбаи қарздиҳии Шуъбаи Бонки давлатии ИҶШС дар ноҳияи Ҳисор кор кард. Аз соли 1992 Муродалӣ Алимардон дар вазифаҳои сардори шуъбаи қарздиҳӣ, сипас муовини сардори Шуъбаи Бонки ҷумҳуриявии саҳомию агросаноатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳисор хизмат намуд ва ҳамон сол ба вазифаи Раиси Раёсати Бонки саҳомию тиҷоратии агросаноатии «Шарқ» таъин карда шуд.
Соли 1994 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид. Дар ин вазифа ӯ 13 сол фаъолият кард. Дар ин давра ба ӯ муяссар гардид, ки низоми бонкии дудараҷагии муназзамро ташаккул диҳад, нуфузи онро боло бардорад ва боварии аҳолиро ба бонк барқарор намояд. Бо иштироки бевоситаи ӯ соли 2000 арзи миллӣ – сомонӣ ба муомилот бароварда шуд. Хизматҳо ва шуҳрати ӯро дар низоми бонкӣ ба инобат гирифта, соли 2008 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯро ба вазифаи Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намуданд.
Дар доираҳои бонкӣ ва молиявӣ нуфуз ва шуҳрати баланди М. Алимардонро дар соҳаи касбӣ, устувориву суботкории ӯро дар қабули қарорҳои душвор, дар ҳар вазъият мавқеи худро муайян кардан ва кор карда тавонистани ӯро бо мардум қайд менамоянд.
Барои фаъолияти пурсамар Муродалӣ Алимардон соли 2001 бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», соли 2006 бо «Ордени Исмоили Сомонӣ - дараҷаи 2» ва соли 2011 бо Медали ҷашнии «20 солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.